Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУРОҶИАТҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ

Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи   ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (минбаъд – мақомоту ташкилоти дахлдор), ирсол гардидаанд,  танзим  менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

– муроҷиатҳо – ариза, дархост, таклиф, шикояти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар шакли хаттӣ, электронӣ ё шифоҳӣ ба мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳод шудаанд;

– ариза – хоҳиш дар бораи мусоидат намудан ба амалисозии ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигар ё пешниҳод намудани маълумот дар бораи вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, норасоиҳо дар фаъолияти мақомоту  ташкилоти дахлдор ё танқиди фаъолияти шахсони мансабдор, роҳбарон ва кормандони мақомоту ташкилоти дахлдор;

дархост – хоҳиш дар бораи аз ҷониби шахси ваколатдор дар доираи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намудани амали муайян барои қонеъ намудани талаботи  муроҷиаткунанда;

– таклиф – тавсия оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, фаъолияти мақомоту ташкилоти дахлдор, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, беҳгардонии соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар самтҳои фаъолияти давлат ва ҳаёти ҷомеа;

шикоят – изҳори норозигӣ нисбат ба амали (беамалии) шахсони мансабдор, роҳбарон ва шахсони ваколатдоршудаи мақомоту ташкилоти дахлдор ҷиҳати  ҳимоя ва барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳо ё манфиати қонунии вайронгардидаи худ ё шахсони дигар;

– муроҷиаткунанда – шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё намояндаи қонунии ў, ки ба мақомоту ташкилоти дахлдор оид ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигар муроҷиат намудааст;

– муроҷиати электронӣ – муроҷиате, ки ба суроғаи расмии почтаи электронии мақомоту ташкилоти дахлдор ворид гардидааст ё дар сомонаи расмии мақомоту ташкилоти дахлдор дар шабакаи Интернет ҷойгир карда шудааст;

– муроҷиати шифоҳӣ – муроҷиате, ки зимни  қабули шахсӣ ба шахси мансабдор ё ваколатдоршудаи мақомоту ташкилоти дахлдор изҳор гардидааст ё тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ) баён шудааст;

– муроҷиат тавассути воситаҳои ахбори омма – муроҷиати дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма вобаста ба фаъолияти мақомоту ташкилоти дахлдор нашр ё тавассути воситаи ахбори омма паҳнгардида;

муроҷиати дастҷамъона – муроҷиати ду ва зиёда шахсон ё аз номи гурўҳи шаҳрвандон пешниҳодгардида;

– муроҷиати такрорӣ – муроҷиати хаттӣ, шифоҳӣ ё электронии такрорӣ ба ҳамон як мақомоту ташкилот, ки дорои далелҳои нав намебошад, бо зикри масъалаҳое, ки доир ба онҳо вобаста ба муроҷиати қаблӣ моҳиятан ҷавоб гардонида шудааст ва дар муроҷиати навбатӣ ваҷҳ ё ҳолатҳои нав оварда нашудаанд;

– шахсони баррасикунандаи муроҷиат –шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдори мақомоту ташкилоти дахлдор, ки  бо  тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муроҷиатҳоро моҳиятан баррасӣ менамоянд;

– китоби арзу шикоятҳо – китоби шакли ягона, ки барои қайди муроҷиатҳо доир ба фаъолияти мақомоту ташкилоти дахлдор, соҳибкорони инфиродӣ, сифати хизматрасонӣ, иҷрои корҳои муайян, молҳои истеҳсолнамудаи онҳо ва дигарҳо пешбинӣ шудааст.

Моддаи 2. Принсипҳои Қонуни мазкур

   Баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

–  қонуният;

–  адолат;

– баробарӣ дар назди қонун;

– инсондўстӣ;

– ошкорбаёнӣ;

– илмият;

– талаботи ягона ба муроҷиатҳо;

– таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шахсони муроҷиаткунанда;

– пурра, ҳамаҷониба, холисона ва дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ кардани муроҷиатҳо;

– шаффофияти фаъолият ҳангоми баррасии муроҷиатҳо.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Доираи  амали Қонуни мазкур

  1. Амали Қонуни мазкур нисбат ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомоту ташкилоти дахлдор татбиқ мегардад, ба истиснои муроҷиатҳое, ки тибқи талаботи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси  расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, муроҷиатҳои дигар, ки нисбат ба онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари пешниҳод ва баррасӣ пешбинӣ шудааст.
  2. Муқаррароти Қонуни мазкур ба мукотиботи байни мақомоти давлатӣ ва сохторҳои зертобеи онҳо паҳн намегардад.

БОБИ 2. КАФОЛАТИ ҲУҚУҚИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ

ВА ҲУҚУҚӢ БА МУРОҶИАТ

Моддаи 5. Манъ будани маҳдудкунии ҳуқуқ ҳангоми пешниҳоди муроҷиатҳо

Ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқи муроҷиат маҳдудкунӣ вобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, инчунин шакли моликият, маҳалли ҷойгиршавӣ, шакли ташкилию ҳуқуқии шахсони ҳуқуқӣ манъ аст.

Моддаи 6. Кафолати амнияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба муроҷиати онҳо

  1. Таъқиб намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бинобар муроҷиати онҳо ба мақомоту ташкилоти дахлдор вобаста ба танқиди фаъолияти мақомоту ташкилот ё шахсони мансабдору роҳбарони онҳо ҷиҳати барқарор ё ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ ё ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигар манъ аст.
  2. Ҳангоми баррасии муроҷиат бидуни розигии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ифшо намудани маълумоти дар муроҷиат зикргардида инчунин, маълумоти ба ҳаёти шахсӣ ва (ё) фаъолияти шахси ҳуқуқӣ алоқаманд манъ аст. Маълумоти дар муроҷиати хаттӣ дарҷгардида, ки ба мақомоту ташкилоти дахлдор ирсол карда шуда, ҳалли онҳо ба салоҳияти мақомоту ташкилот ва шахсони ваколатдоршуда мансуб аст, ошкор кардани маълумот ба ҳисоб намеравад.

БОБИ 3. ҲУҚУҚ, УҲДАДОРИҲО ВА ТАЛАБОТ БА

МУРОҶИАТҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ

Моддаи 7. Ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  ба муроҷиат

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд шахсан ё якҷоя бо дигарон ва (ё) тавассути намояндагони ваколатдори худ дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ва электронӣ ба мақомоту ташкилоти дахлдор муроҷиат намоянд.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқи худро оид ба муроҷиатҳо озодона ва ба таври ихтиёрӣ амалӣ менамоянд. Маҷбур намудани шахс барои муроҷиат кардан ё ширкат намудан дар пешниҳоди он манъ аст.
  3. Амалӣ намудани ҳуқуқ ба муроҷиат набояд ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони дигарро халалдор созад.

Моддаи 8. Уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зимни пешниҳоди муроҷиатҳо

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд:

– матни муроҷиатҳои хаттӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашударо дар шаклихондашаванда пешниҳод намоянд; 

– ба шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдори дигар эҳтиромона муносибат намоянд, ба истифодаи ифодаҳои қабеҳу таҳқиркунанда, таҳдид ба ҳаёту саломатӣ ва молу мулки шахси баррасикунандаи муроҷиат ё аъзои оилаи он роҳ надиҳанд;

– оид ба иваз намудани маҳалли будубош, суроғаи маҳалли истиқомат, рақами телефонҳо, суроғаи почтаи электронӣ сари вақт мақомоту ташкилоти баррасикунандаи муроҷиатро огоҳ намоянд;

– уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намоянд.

Моддаи 9. Қабули шахсӣ

  1. Дар мақомоту ташкилоти дахлдор маҳал, рўз ва соати қабули муроҷиаткунандагонро роҳбарони он муайян мекунанд. Шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдоршуда уҳдадоранд дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор муроҷиаткунадагонро шахсан қабул намоянд.
  2. Қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (намояндагони онҳо) дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоту ташкилоти дахлдор, дар рўз ва соати муайянгардида тибқи ҷадвали қабул гузаронида мешавад. Ин иттилоот бояд тавассути дар лавҳаи эълонҳо насб намудани ҷадвали қабул, ҷойгир намудани он дар сомонаҳо ва воситаҳои дигари техникӣ дастраси шаҳрвандон бошад.
  3. Муҳтавои муроҷиатҳои шифоҳӣ дар китоби қабули муроҷиаткунандагон дарҷ карда мешавад. Дар сурате, ки ҳодиса ва ҳолатҳои дар муроҷиати шифоҳӣ иброзгардида аён бошанд ва санҷиши иловагиро талаб накунанд, посух ба муроҷиаткунандагон бо розигии онҳо зимни қабули шахсӣ мумкин аст ба тариқи шифоҳӣ дода шавад ва дар ин бора дар китоби қабули муроҷиаткунандагон қайд гузошта мешавад. Агар муроҷиати шифоҳӣ дар рафти қабули шахсӣ бинобар зарурати санҷиши иловагӣ ҳалли худро наёбад, ҳуҷҷати алоҳида дар шакли варақаи қабули муроҷиаткунанда ба расмият дароварда шуда, дар он муҳтавои муроҷиат қайд  карда мешавад ва он ҳамчун муроҷиати хаттӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
  4. Муроҷиатҳои хаттии зимни қабули шахсӣ супоридашуда, ба қайд гирифта шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд.
  5. Шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдоршуда ҳуқуқ надоранд, қабули шахсони воқеӣ ва намояндаи шахсони ҳуқуқиро рад намоянд, агар масъалаҳои дар муроҷиат зикршуда ба салоҳияти ҳамин мақомоту ташкилот мансуб бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қаблан зимни қабули шахсӣ муроҷиати муроҷиаткунанда айнан бо ҳамин мазмун ҳал гардида, дар ин хусус ў хабардор бошад ё ин ки тавассути мактуб ҷавоб (муроҷиати такрорӣ) ирсол гардида бошад.
  6. Агар дар муроҷиат масъалаҳое гузошта шуда бошанд, ки ҳалли онҳо ба салоҳияти мақомоту ташкилоти дахлдор дохил намешавад, ба муроҷиаткунанда дар хусуси ба кадом мақомот муроҷиат намудан фаҳмонида мешавад.
  7. Агар муроҷиаткунанда зимни қабули шахсӣ нисбати шахси мансабдор ё шахси ваколатдоршудае, ки қабули шахсиро анҷом медиҳад муносибати беэҳтиромона зоҳир намуда, ба истифодаи ифодаҳои қабеҳ, таҳқиркунанда, таҳдид ба ҳаёту саломатии ў ё аъзои оилааш роҳ диҳад, шахси мансабдор ё шахси ваколатдоршуда ҳуқуқ дорад қабулро  қатъ намояд.
  8. Бо қарори роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор қабули шахсии сайёр, инчунин номнавис намудани пешакиро барои чунин қабул ташкил кардан мумкин аст.
  9. Ҳангоми қабули шахсӣ бо қарори роҳбари мақомоту ташкилот дахлдор ва розигии хаттии муроҷиаткунанда мумкин аст воситаҳои техникии махсус ба монанди, сабти видеоӣ ё аудиоӣ, расмгирӣ истифода шаванд.
  10. Зимни муроҷиати шифоҳӣ муроҷиаткунанда бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро пешниҳод намоянд. Намояндаи муроҷиаткунанда инчунин бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколаташро пешниҳод намояд.

Моддаи 10. Талабот ба муроҷиатҳои хаттӣ

  1. Шахси воқеӣ дар муроҷиати хаттӣ бояд насаб, ном, номи падар, суроғаи маҳалли истиқомат, маълумот оид ба маҳали воқеии истиқомат (агар чунин ҳолат ҷой дошта бошад), муҳтавои муроҷиатро дарҷ намуда,  онро  имзо намояд.
  2. Дар муроҷиати шахси ҳуқуқӣ бояд номи пурраи шахси ҳуқуқӣ, суроғаи маҳалли ҷойгиршавӣ, сана, рақами содиротӣ ва муҳтавои муроҷиат нишон дода шаванд. Муроҷиат бояд аз ҷониби шахси мансабдор ё ваколатдоршуда имзо карда шавад.
  3. Ба муроҷиатҳое, ки тавассути намояндаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешаванд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати намоянда замима карда мешавад.
  4. Муроҷиатҳои хаттӣ тавассути хизматрасонии алоқаи почта, зимни қабули шахсӣ, тавассути хаткашон ё бо роҳи сабт намудани арзу шикоят ё таклифҳои худ дар китоби арзу шикоятҳои мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳод карда мешаванд.
  5. Ҳангоми зарурат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои тасдиқи ваҷҳҳояшон ҳуҷҷатҳо (мавод) ё нусхаи онҳоро ба муроҷиати хаттиашон замима менамоянд.

Моддаи 11. Талабот ба муроҷиатҳои электронӣ

  1. Муроҷиатҳои электронӣ дар шакли ҳуҷҷати электронии бо имзои электронии рақамӣ тасдиқшуда ва дорои дигар маълумотҳои барои ҳуҷҷатҳои электронӣ ҳатмӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, пешниҳод карда мешавад.
  2. Дар муроҷиатҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, номи пурраи шахси ҳуқуқӣ, суроғаи почтаи электронии муроҷиаткунандагон ва муҳтавои муроҷиат зикр карда мешаванд.
  3. Муроҷиатҳои электронӣ метавонанд дорои маълумоти иловагӣ дар бораи муроҷиаткунанда бошанд, аз ҷумла суроғаи маҳалли ҷойгиршавӣ, рақами факс, рақами телефон ва дигарҳо.

Моддаи 12. Талабот ба муроҷиатҳо тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ)

  1. Муроҷиатҳое, ки ба воситаи алоқаи телефонӣ (мобилӣ) ба мақомоту ташкилоти дахлдор арз карда мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд.
  2. Зимни муроҷиат намудан тавассутиалоқаи телефонӣ (мобилӣ) бояд муҳтавои муроҷиат, насаб, ном ва номи падари муроҷиаткунанда, суроғаи маҳалли истиқомат ё ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ, рақами телефон (мобилӣ), суроғаи почтаи электронӣ баён карда шаванд.
  3. Шахси мансабдор ё шахси ваколатдоршуда, ки муроҷиати телефонӣ (мобилӣ)-ро қабул намудааст, дар шакли варақаиқабули муроҷиати телефонӣ (мобилӣ) ҳуҷҷати алоҳида таҳия мекунад, ки дар он муҳтавои муроҷиат, насаб, ном ва номи падари муроҷиаткунанда, суроғаи маҳалли истиқомат ё ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ, рақами телефон (мобилӣ), суроғаи почтаи электрониро дарҷ карда, онро бо имзои худ тасдиқ менамояд.

БОБИ 4. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ МУРОҶИАТҲОИ

ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ ВА БАРРАСИИ ОНҲО

Моддаи 13. Тартиби пешниҳоди муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

  1. Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бевосита ба мақомоту ташкилоти дахлдор, ки баррасии масъалаҳои дар муроҷиат дарҷгардида ба салоҳияти онҳо мансуб аст ё бо тартиби тобеияти идоравӣ ба мақомоти болоӣ, ки шахси амалаш мавриди шикоят қароргирифта тобеи он аст, пешниҳод карда мешаванд.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд шахсан ё тавассути намояндаи ваколатдори худ муроҷиати хаттии худро ба мақомоту ташкилоти дахлдор ба воситаи алоқаи почта ё почтаи электронӣ ирсол намоянд. Ба манфиати ноболиғон, шахсони  ғайриқобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони қонунии онҳо ё мақомоти ваколатдор муроҷиатҳоро пешниҳод менамоянд.

Моддаи 14.  Муҳлати пешниҳоди муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

  1. Барои пешниҳоди ариза, дархост, таклиф аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муҳлат муқаррар карда намешавад.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд шикоятҳои худро дар муддати се сол аз рўзи огоҳ шудани онҳо оид ба вайрон гардидани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ пешниҳод намоянд.
  3. Барқарор намудани муҳлати бо сабабҳои узрнок гузаронидашуда (бемории вазнин, маъюбӣ, сафари хизматии дарозмуддат ва ғайра), ки бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ гардидаанд, ба ваколати роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор (шахси бо супориши ў баррасикунандаи муроҷиат) мансуб мебошад.

Моддаи 15. Қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ    ва ҳуқуқӣ

  1. Муроҷиатҳое, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур пешниҳод шудаанд, бояд аз ҷониби мақомоту ташкилоти дахлдор қабул карда, дар варақаи иттилоотӣ ба қайд гузошта ва бо додани рақами алоҳида ба ҳар як муроҷиат ба ҳисоб гирифта шаванд. Рад кардани қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ манъ аст.
  2. Муроҷиатҳои воридгардида, новобаста ба тобеияти идоравии онҳо, бояд дар мақомоту ташкилоти дахлдор ба қайд гирифта шаванд.
  3. Баҳисобгирии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоту ташкилоти баррасикунандаи муроҷиат анҷом дода мешавад.
  4. Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии омориро оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  5. Масъулият оид ба ташкили қабул, бақайдгирӣ, дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ намудан ва баҳисобгирии омории муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба зиммаи роҳбарони мақомоту ташкилоти дахлдор вогузор карда мешавад.
  6. Баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ройгон мебошад, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.

Моддаи 16. Ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зимни баррасии муроҷиати онҳо

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муроҷиат пешниҳод намудаанд, ҳуқуқ доранд:

–  дар баррасии муроҷиат бевосита ширкат намоянд;

– шахсан ба шахсони  мансабдор ва ваколатдоршудае, ки муроҷиатро баррасӣ мекунанд, ваҷҳҳои худро изҳор кунанд;

– барои тасдиқи муроҷиати худ ҳуҷҷатҳо ва маводи иловагиро пешниҳод ё дар бораи талаб кардани онҳо дархост намоянд;

– бо маводи ҷамъовардашуда шинос шаванд, агар ин ҳолат ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигарро халалдор насозад, инчунин ҳуҷҷатҳо дорои маълумоти сирри давлатӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда набошанд;

– оид ба рафти баррасии муроҷиат маълумот гиранд;

– аз рўи моҳияти масъалаҳои дар муроҷиат изҳоршуда ҷавоби хаттӣ гиранд,  ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи 19 Қонуни мазкур зикргардида, дар бораи фиристодани муроҷиат ба мақомоту ташкилоти дахлдори дигар, ки ҳал кардани масъалаҳои дар муроҷиат изҳоршуда ба салоҳияти онҳо мансуб аст;

– то моҳиятан баррасӣ гардидани муроҷиат ҷиҳати бозпас намудани он дархост намоянд;

– ҷуброни зарари расонидашударо аз шахсони гунаҳгор бо тартиби муқаррарнамудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоянд;

– нисбат ба натиҷаи баррасии муроҷиат ё аз амал (беамалӣ)-и шахсони баррасикунандаи муроҷиат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти болоӣ ва (ё) суд шикоят намоянд;

– ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намоянд.

Моддаи 17. Уҳададориҳои мақомоту ташкилоти дахлдор, ки муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ менамоянд

  1. Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба мақомоту ташкилоти дахлдор воридгардида бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
  2. Мақомоти баррасикунандаи муроҷиат уҳдадоранд:

– баррасии воқеъбинона, холисона, беғаразона ва саривақтии муроҷиатҳоро таъмин намуда, масъалаҳои гузошташударо ҳангоми зарурат бо иштироки муроҷиаткунандагон, даъвати шахсони дахлдор санҷанд;

– барои пурра, холисона ва ҳаматарафа баррасӣ намудани муроҷиат аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва аз мақомоту ташкилоти дахлдор маводи заруриро талаб намоянд;

– барои барқарор кардан ва (ё) ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайронгардидаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чораҷўӣ намоянд;

– аз рўи моҳияти масъалаҳои дар муроҷиат гузошташуда, ба истиснои ҳолатҳои дар қисмҳои 1 ва 4 моддаи 19 Қонуни мазкур пешбинигардида,  ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ посухи хаттӣ диҳанд;

– муроҷиаткунандаро дар мўҳлати се рўз аз лаҳзаи қабули қарор оид ба ирсоли муроҷиат барои баррасӣ аз рўи тобеият ба дигар мақомоту ташкилоти дахлдор хабардор намоянд; 

– муроҷиатро асоснок ва тибқи қонун ҳал намуда, иҷрои онро  назорат намоянд;

– посух ба муроҷиат бояд бо забони давлатӣ ва ҳангоми мавҷуд будани дархост инчунин бо забоне, ки муроҷиат навишта шудааст, вобаста ба ҳар як масъалаи гузошташуда, бо асосноккунии тасдиқ ё рад намудани ҳолатҳои зикршуда ва бо назардошти меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба роҳбарӣ гирифта шудаанд, омода карда шавад;

– доир ба  натиҷаи баррасии муроҷиат ба муроҷиаткунанда иттилоот диҳанд;

– тартиби шикоят намуданро ба муроҷиаткунанда нисбати натиҷаи баррасии муроҷиат (посух ба муроҷиат) фаҳмонида диҳанд;

– маълумотҳоро оид ба баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мунтазам таҳлил намуда, барои бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидаанд, тадбирҳо андешанд;

– уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намоянд.

Моддаи 18. Муҳлати баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

  1. Муроҷиатҳои ба мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳодшуда дар давоми сӣ рўз ва муроҷиатҳое, ки омўзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар муҳлати понздаҳ рўз аз рўзи ба қайд гирифта шуданашон баррасӣ карда мешаванд.
  2. Дар ҳолатҳои истисноӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 20 Қонуни мазкур роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор ҳуқуқ дорад  муҳлати баррасии муроҷиатро ба муддати на зиёдтар аз сӣ рўз тамдид намуда, дар инхусус ба муроҷиаткунанда дар муҳлати се рўз хабар расонад.

Моддаи 19. Фиристондани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  барои баррасӣ ба мақомоту ташкилоти дахлдор аз рўи тобеият

  1. Муроҷиатҳои хаттие, ки ҳалли масъалаҳои дар он гузошташуда ба салоҳияти мақомот ва ташкилоти дахлдор мансуб нест, дар давоми се рўз аз рўзи ба қайд гирифтан ба мақомоту ташкилоти салоҳиятдоре, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиатҳо дарҷгардида ба тобеияти онҳо мансубанд, ирсол карда мешавад. Дар ин хусус муроҷиаткунанда ба таври хаттӣ огоҳ карда мешавад.
  2. Мақомоту ташкилоти дахлдор дар мавриди ба баррасии дигар мақомоту ташкилот ирсол намудани муроҷиати хаттӣ, ҳангоми зарурат метавонанд аз онҳо оид ба натиҷаи баррасии муроҷиат маълумот талаб намоянд.
  3. Ба шахси мансабдор ё роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор, ки қарор ё амал (беамалӣ)-и ў мавриди шикоят қарор гирифтааст, ирсол намудани шикоят барои баррасӣ манъ аст.
  4. Агар муроҷиат маълумотҳои заруриро барои ирсол намудани он ба мақомоту ташкилоти салоҳиятдор надошта бошад, он дар муҳлати се рўз ба муаллиф баргардонида мешавад ва ба ў ҳуқуқи бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти болоӣ ва (ё) суд шикоят овардан нисбат ба  қарор ё амал (беамалӣ)  тавзеҳ дода мешавад.

Моддаи 20. Моҳиятан баррасӣ намудани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

  1. Муроҷиатҳое, ки ба мақомоту ташкилоти дахлдор ворид гардидаанд, аз ҷониби шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдоршуда, ки баррасии муроҷиатҳо ба зиммаашон вогузор карда шудааст, баррасӣ карда мешаванд.
  2. Барои пурра, холисона ва дар муҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ намудани муроҷиатҳо шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдоршуда ҳуқуқ доранд ҳангоми зарурат барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ дар доираи ваколатҳои худ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоту ташкилоти дахлдор мавод талаб намоянд. Мақомоту ташкилоти дахлдор тибқи дархости мақомоти баррасикунандаи муроҷиат уҳдадоранд дар муҳлати панҷ рўз пас аз ворид шудани дархост маълумоти талабшударо ирсол намоянд, ба истиснои ҳуҷҷатҳое (мавод), ки дорои маълумоти сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошанд ва ба онҳо тартиби махсуси пешниҳод муқаррар гардидааст. Дар сурати ғайриимкон будани пешниҳоди маълумот, мақомоту ташкилоти пешниҳодкунандаи маълумот дар ин хусус бояд дар муҳлати се рўз ба таври хаттӣ мақомоти баррасикунандаи муроҷиатро хабардор намоянд.
  3. Муроҷиатҳои хаттӣ дар сурате баррасишуда эътироф карда мешаванд, агар ҳамаи масъалаҳои дар муроҷиат зикрёфта ҳал гардида, барои таъмини ҳифз, амалигардонӣ ва барқарорсозии ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии муроҷиаткунанда чораҳо андешида, ба муроҷиаткунанда ҷавоби хаттӣ ирсол шуда бошад.
  4. Дар сурати дар ҳузури муроҷиаткунанда ҳал гардидани масъалаҳои дар муроҷиат зикршуда, ба муроҷиаткунанда ҷавоби хаттӣ фиристонда намешавад, агар ў ҷавоби хаттиро талаб накунад. Дар чунин ҳолат натиҷаи баррасии муроҷиат бевосита дар худи матни муроҷиат ё дар китоби арзу шикоятҳо қайд гардида, муроҷиаткунанда бо имзо онро тасдиқ менамояд.
  5. Муроҷиати шифоҳӣ дар сурате баррасигардида ҳисоб меёбад, ки ҳамаи масъалаҳои зимни қабули шахсӣ ё тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ) изҳоршуда ҳал гардида, барои таъмини ҳифз, амалигардонӣ ва барқарорсозии ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чораҳо андешида, дар ин хусус муроҷиаткунанда хабардор шуда бошад.
  6. Ҳангоми дар муроҷиатҳо мавҷуд набудани дархост, таклиф ё шикоят вобаста ба фаъолияти мақомоту ташкилот ё дар онҳо зикр гардидани сипосмандӣ, чунин муроҷиатҳо ба маълумот гирифта шуда, ба онҳо ҷавобҳо ирсол карда намешаванд.
  7. Шахсони мансабдор ё ваколатдоршудаи мақомот ё ташкилоти дахлдор ҳангоми зарурат метавонанд бевосита муроҷиатҳоро бо баромадан ба маҳал (баррасии сайёр) баррасӣ намоянд.
  8. Посухи муроҷиатҳоро роҳбар ё шахси ба он ваколатдоршудаи мақомоту ташкилоти дахлдор имзо менамояд.
  9. Посух ба муроҷиатҳои дар шакли электронӣ ё тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ) пешниҳодшуда, ба суроғаи почтаи электронии дар муроҷиат нишондодашуда ё ин ки дар шакли хаттӣ ба суроғаи маҳалли истиқомати шахсони воқеӣ ё ҷойгиршавии шахсони ҳуқуқӣ ирсол карда мешавад.

 

 

  Моддаи 21. Баррасии муроҷиатҳои алоҳида

  1. Муроҷиатҳои хаттӣ ва электроние, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
  2. Муроҷиатҳои хаттӣ ва электроние, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он ба таври аниқ зикр ёфтаанд, вале бидуни ризоят ва иҷозати муроҷиаткунанда пешниҳод шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд.
  3. Муроҷиатҳое, ки нисбат ба қарори суд пешниҳод шудаанд, дар муҳлати се рўз аз рўзи ба қайд гирифта шудан ба муроҷиаткунанда, ки онро ирсол намудааст, бо тавзеҳ додани тартиби шикоят овардан нисбат ба қарори суд баргардонида мешаванд.
  4. Муроҷиатҳои дастҷамъона бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд. Ҳангоми зарурат, агар муроҷиатҳои дастҷамъона диққату эътибори махсуси ҷамъиятиро талаб намоянд, онҳо ба таври сайёр дар маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии муроҷиаткунандагон баррасӣ карда мешаванд, агар аз муроҷиатҳо тартиби дигар барнаояд.
  5. Агар ҳалли масъалаи дар муроҷиат зикргардида ба якчанд мақомот ё ташкилот вобаста бошад, муроҷиат дар қисми дахлдор аз ҷониби мақомот ё ташкилоте, ки ба он муроҷиат ворид гардидааст, баррасӣ карда шуда, ба муроҷиаткунанда доир ба салоҳияти мақомот ё ташкилоти дигар мансуб будани қисми масъалаи пешниҳодшаванда ва ҳуқуқи ў ба муроҷиат ба мақомоту ташкилоти салоҳиятдор фаҳмонида мешавад.
  6. Дар сурати ба якчанд суроға ирсол шудани  ҳамон як муроҷиат, он аз ҷониби мақомоту ташкилоти салоҳиятдор, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, баррасӣ карда мешавад. Дар ин сурат мақомоту ташкилоти дигар  бо тартиби пешбининамудаи қисми 1 моддаи 19 Қонуни мазкур муроҷиатро ба мақомоту ташкилоти салоҳиятдор ирсол менамоянд.
  7. Муроҷиатҳое, ки дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма нашр ё тавассути онҳо паҳн гардидаанд, бо тартиб ва муҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ шуда, аз натиҷаи он ба шахсони манфиатдор хабар расонида мешавад.
  8. Мақомоту ташкилоти дахлдор ҳангоми қабул намудани муроҷиатҳои хаттие, ки дар он ифодаҳои қабеҳ ё таҳқиркунанда, таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулк баён гардидаанд, ҳуқуқ доранд чунин муроҷиатҳоро бе ҷавоб монанд. Дар ин хусус ба муроҷиаткунанда оид ба номумкин будани суиистифода аз ҳуқуқи муроҷиат хабар дода мешавад ё бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти салоҳиятдор шикоят пешниҳод карда мешавад.
  9. Агар хондани матни муроҷиатҳои хаттӣ ғайриимкон бошад, ба чунин муроҷиатҳо посух дода намешавад ва дар ин хусус дар муҳлати се рўз аз рўзи ба қайд гирифтани муроҷиат ба муроҷиаткунандае, ки муроҷиатро ирсол намудааст, дар сурати хонда шудани ному насаб ва суроғаи маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавӣ хабар дода мешавад.
  10. Муроҷиатҳои такрориро баррасӣ намуда, шахси мансабдор ё шахси ваколатдоршуда ҳуқуқ доранд, мукотибаро бо муроҷиаткунанда бинобар беасос будани муроҷиати навбатӣ қатъ намоянд, агар муроҷиати зикргардида ва муроҷиати қаблӣ ба ҳамон як мақомоту ташкилоти дахлдор бо ҳамон як муҳтаво ирсол шуда, натиҷаҳои санҷиши мукаммал мавҷуд бошанд. Аз натиҷаи қатъ гардидани баррасии муроҷиати такрорӣ муроҷиаткунанда хабардор карда мешавад.
  11. Агар додани посух аз рўи моҳияти масъалаҳои дар муроҷиатҳо гузошташуда бе ифшо намудани маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда ғайриимкон бошад, ба муроҷиаткунанда дар ин хусус хабар дода мешавад.
  12. Дар сурати бартараф гардидани сабабҳое, ки бинобар ҷой доштани онҳо муроҷиат баррасӣ нагардида буд, муроҷиаткунанда ҳуқуқ дорад ба мақомоту ташкилоти дахлдор такроран муроҷиат намояд.

Моддаи 22. Бе баррасӣ монондани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

Муроҷиатҳои хаттӣ бе баррасӣ монондамешаванд, агар:

– тавассути намояндагони шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод гардидаанд, вале онҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколатҳояшонро надоранд;

– ба талаботи  пешбининамудаи қисмҳои 1, 8 ва 9 моддаи 21 Қонуни мазкур ҷавобгў набошанд;

– ҳангоми қабули шахсӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти муроҷиаткунанда ё намояндаи ў пешниҳод карда нашаванд;

– ба талаботи  моддаҳои 9-12 Қонуни мазкур ҷавобгў набошанд.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 23. Ҷуброни зарари расонидашуда ва хароҷоти сарфшуда зимни баррасии муроҷиатҳо

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд барои барқарор намудани зарар ва ҷуброни зарари маънавии дар натиҷаи амал (беамалӣ)-и ғайриқонунии мақомоту ташкилоти дахлдор зимни баррасии муроҷиат расонидашуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намоянд.
  2. Дар сурати аз тарафи муроҷиаткунанда дидаву дониста дар муроҷиат нишон додани маълумоти бардурўғ, хароҷоти мақомоту ташкилоти дахлдор, ки зимни баррасии он сарф шудааст, бо қарори суд аз муроҷиаткунанда рўёнида мешавад.

Моддаи 24. Назорати риояи тартиби баррасии муроҷиатҳо

Мақомоту ташкилоти дахлдор дар доираи салоҳияти худ риояи тартиби баррасии муроҷиатҳоро назорат карда,  муҳтавои муроҷиатҳои дохилшударо ҳар нимсола мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати ошкор ва бартараф сохтани сабабҳои риоя нагардидани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тадбирҳо меандешанд.

Моддаи 25. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои  риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 26. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №24, мод. 368; с. 1998, №10, мод. 79; с. 2006, №11, мод. 469; с. 2007, №7, мод. 666; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 805; с. 2012, №7, мод. 687) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе,

23 июли соли 2016, №1339

 

 Бо қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз «1»  июни соли 2017,  №276  тасдиқ шудааст.

 

Тартиби Коргузорӣ ва ба ҳисобгирии оморӣ оид бамуроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

  1. Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (минбаъд-Тартиб) қоидаҳои пешбурди коргузорӣ ва баҳисобгирии омориро аз рўи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (минбаъд – мақомоту ташкилоти дахлдор), муаян мекунад.
  2. Амали Тартиби мазкур ба пешбурди коргузорӣ аз рўи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки нисбат ба онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари пешниҳод ва баррасӣ пешбинӣ шудааст, татбиқ намегардад.
  3. Муроҷиаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомоту ташкилоту дахлдор дар шакли хаттӣ, электронӣ, ё шифоҳӣ пешниҳод карда мешаванд.
  4. Муроҷиатҳое, ки ба мақомату ташкилоти дахлдор ворид мешаванд, бояд дар варақаи бақайдгирии назоратӣ (замимаи № 1) ва дар дафтарҳои баҳисобгирии оморӣ (замимаҳои 2, 3, 4, ва 5) ба таври марказонидашуда ба қайд гирифта шаванд. Муроҷиатҳои шифоҳӣ дар рафти қабули шахсӣ, ки санҷиши иловагиро талаб менамоянд, ҳамҷун муроҷиати хаттӣ ба қайд грифта мешаванд. Муроҷиати электронӣ тибқи тартиб ва муҳлатҳои муқараргардидаи қонун мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
  5. Ҳангоми ворид шудани миқдори ночандон зиёди муроҷиат (соле то 100 дона) варақаи бақайдгирии назоратӣ тартиб дода нашуда, онҳо танҳо дар дафтарҳо ба қайд гирифта мешаванд. Лифофаҳои онҳо дар мавридҳое нигоҳ дошта мешаванд, ки агар танҳо аз рўи онҳо суроғаи ирсолкунандаро муқаррар кардан мумкин бошад, ё агар санаи муҳри почта барои тасдиқ намудани вақти фиристодан ва гирифтани муроҷиатнома, инчунин дар дигар мавридҳо зарур шаванд. Дар сурати шахсан қабул кардани шахси воқеӣ ва намояндаи шахси ҳуқуқӣ, муроҷиатҳои хаттию шифоҳии онҳо низ бояд дар дафтарҳои дахлдор ё варақаи назоратӣ ба таври марказонидашуда қайд карда шаванд. Шохиси бақайдгирии муроҷиат дар муҳри бақайдгирӣ нишон дода мешавад, ки ҷои гузориш ва шакли онро стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаян мекунад. Шохиси бақайдгирӣ бо дигар аломатҳое, ки мураттабсозӣ ҷустуҷў, таҳлил ва беосеб нигоҳ дошта шудани муроҷиаҳои шаҳрвандонро таъмин менамоянд, пурра шуда метавонад.
  6. Ба муроҷиатҳои такрории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми ворид шудани онҳо шосихи навбатии бақайдгирӣ дода мешавад ва дар сутуни дахлдори варақаҳои бақайдгирии назоратӣ шохиси бақайдгирии муроҷиати якум нишон дода мешавад. Дар кунҷи рости болои муроҷиати такрорӣ ва варақаҳои бақайдгирии назоратӣ аломати «такроран» гузошта шуда, аз рўи он тамоми мукотибаи пештара бардошта мешавад. Муроҷиати ҳамон як шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз рўи ҳамон як масъала, ки ба суроғаи гуногун фиристода шудаанд ва барои дида баромадан ба ҳамон як мақомоту ташкилоти дахлдор ворид шудаанд, дар зери шохиси бақайдгирии муроҷиати якум бо илова кардани рақами тартибӣ бо касра (масалан, А-117/1, А-117/2) ба ҳисоб гирифта мешавад.
  7. Миқдори нусхаҳои варақаҳои бақайдгирии назоартӣ оморӣ дар асоси зарурати таъмин намудан баҳисобгирӣ кори маълумотгирӣ, назорати иҷрои супориш аз рўи муроҷиат ва таҳлили онҳо муайян карда мешаванд. Картатекаҳо мувофиқи насаб ё номи шахси ҳуқуқӣ ки аз онҳо муроҷиат ворид шудаанд, бо пайдарҳамии ҳуруфи алифбо метавонанд тартиб дода  тартиб дода шаванд.
  8. Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба мақомоту ташкилотҳои дахлдор аз ҷойҳои гуногун фиристода шуда, маълум кардани натиҷаҳои дида баромадани муроҷиатро талаб мекунанд, таҳти назорати махсус гирифта мешаванд. Дар ин маврид дар ҳамаи нусхаҳои варақаҳои бақайдгирии назоратӣ ва муроҷиатҳо дар ҷои муқарраркардаи стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳри «Назорат» ё аломати «Н» гузошта мешавад. Муроҷиатҳое, ки ба онҳо ҷавоби пешакӣ дода мешавад, аз назорат гирифта намешаванд. Назорат танҳо баъди баррасии он андешидани ҳамаи чораҳо аз рўи ҳалли муроҷиат ба анҷом мерасад. Дар бораи аз назорат бардоштани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори мақомоту ташкилотҳои дахлдор, ки барои сари вақт ва дуруст дида баромадани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ масъуланд, қарор қабул карда мешавад.
  9. Ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори ваколатдори мақомоту ташкилотҳои дахлдор ҷавоб медиҳанд. Ҷавоб метавонанд дар шакли хаттӣ, электронӣ, тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ) ва ё дар шакли шифоҳӣ дода шавад.  Дар сурати додани ҷавоби шифоҳӣ ва электронӣ ба варақаҳои бақайдгирии назоратӣ қайди дахлдор гузошта мешавад. Шохиси ҷавоби аз шохиси бақайдгирӣ ва рақами парванда (аз рўи феҳрист) иборат буда, ба он мукотиба аз рўи ҳамин масъала дўхта мешавад. Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамон вақт ҳалшуда ҳисоб меёбанд, ки агар ҳамаи масълаҳои дар он ба миён гузошташуда баррасӣ шуда, аз рўи онҳо чораҳои зарурӣ дида шудаанд ва мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба онҳо ҷавобҳои пурра дода шуда бошанд. Мазмуни мухтасари ҷавоб аз рўи муроҷиат, инчунин сана ва рақами он дар дафтар ва варақаҳои бақайдгирии назоратӣ навишта мешаванд. Муроҷиатҳои баррасишуда якҷоя бо мукотибаи ба онҳо тааллуқдошта аз рўи тартиби муқарраршуда дар бойгонии мақомоту ташкилотҳои дахлдор нигоҳ дошта мешаванд.
  10. Роҳбарон ва ё супориши онҳо шахсони дигари мансабдори мақомоту ташкилотҳои дахлдор муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва мулоҳизаҳои амалии дар онҳо баённаёфтаро ба мақсади сари вақт ошкор ва бартараф намудани вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои бо қонун муҳофизатшавандаи шаҳрвандон, инчунин такмил додани кори мақомоту ташкилоти дахлдор, мунтазам таҳлил ва ҷамбаст менамоянд. Маводро барои таҳлил ва ҷамъбаст шахсони мансабдори пешбарандаи коргузорӣ аз рўи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тайёр мекунанд ва онҳоро дар шакли маълумотномаҳои таҳлилӣ ба расмият дароварда, ба роҳбарони мақомоту ташқилотҳои дахлдор ҳар сол то 10 январ пешниҳод менамоянд. Шаклҳои ҳисоботи оморӣ ва дастурамал оид ба тартиби ҷамъоварӣ дар барномаҳои корҳои оморӣ, ки ҳар сол бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, пешбинӣ карда мешаванд. Маълумотномаҳои таҳлилӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба омор таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
  11. Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд баъди ҳалли онҳо ба шахсони мансабдоре, ки аз рўи онҳо коргузориро пеш мебаранд, бо ҳамаи маводи ба онҳо тааллуқдошта ва нусхаи варақаи бақайдгирии назоратӣ барои батаври мутамарказ тартиб додани парванда ва кортотека баргардонида шаванд. Тартиб додан ва дар пешбурди иҷрокунанда нигоҳ доштани парвандаҳо манъ аст. Ҳар як муроҷиат баъди ҳалли ниҳоӣ ва иҷрои он бояд навиштаҷоти «ба парванда» дошта, он аз тарафи шахси мансабдори ин қарорро қабулкарда шахсан имзо карда шавад. Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, нусхаҳои ҷавобҳои вобаста ба ҳалли онҳо, инчунин ҳуҷҷатҳо оид ба қабули шахсии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (намояндагони онҳо) мувофиқи феҳристи тасдиқшудаи парвандаҳои мақомоту ташкилоту ташкилотҳои дахлдор дар парванда ба тартиб андохта мешаванд. Ҳуҷҷатҳо дар ин парвандаҳо аз рўи тартиби хронологӣ ё алифбоӣ ҷойгир карда мешаванд. Ҳаряк муроҷиат ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳалли он дар парванда гурўҳи мустақилро ташкил менамоянд. Дар мавриди гирифтани муроҷиати такрорӣ ё пайдо шудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, онҳо ба ҳамин гурўҳи ҳуҷҷатҳо дўхта мешаванд. Ҳангоми ба тартиб андохтани парвандаҳо дурустии дар парванда ҷой додани ҳуҷҷатҳо, пуррагии (комилӣ) онҳо тафтиш карда мешавад. Муроҷиатҳои ҳалнашудаи шаҳрвандон, инчунин ҳуҷҷатҳои нодуруст ба тартиб андохташударо ба парванда дўхтан манъ аст. Муқоваи парванда бояд мувофиқи стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шавад. Баъди ҳаллу фасл шудани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дўхтани мавод аз рўйи онҳо бо тарз амалӣ карда мешавад:

        – дўхтани маводи мазкур ба феҳристи парвандаҳо;

        – ҷамъ овардани ҳар як мавод дар ҷузгирӣ алоҳида.

  1. Мақомоту ташкилотҳои дахлдор муроҷиатҳоро нигоҳ дошта, онҳоро ҳамчун маълумотнома ё бо дигар мақсадҳо истифода мебаранд. Масъулият барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба зиммаи роҳбарони мақомоту ташкилотҳои дахлдор ва шахсони мансабдори бо ҳамин категорияи ҳуҷҷатҳо коркунанда вогузор карда мешавад. Муҳлати нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи тартиби муқараршудаи рўйхатҳои тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳое, ки дар фаъолияти мақомоту ташкилотҳои дахлдор ба вуҷуд меояд, муайян карда мешавад. Чун қоида муҳлати панҷсолаи нигоҳ доштани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи комиссияи экспертию санҷишӣ муайян карда мешавад, яъне пас аз гузаштани муҳлати панҷсолаи нигоҳ доштани муроҷиатҳо ҳуҷҷатҳо аз нав баррасӣ шуда, муҳлати ниҳоии нигоҳдории онҳо муайян карда мешавад ё қарор дар бораи несткунии онҳо бароварда мешавад.
  2. Парвандаҳое, ки доимӣ, инчунин дарозмуддат (зиёда аз 10 сол) нигоҳ дошта мешаванд, ба бойгонии мақомоту ташкилотҳои дахлдор баъди як соли анҷом ёфтани коргузории онҳо супорида мешаванд. Парвандаҳое, ки муваққатан (то 10 сол) нигоҳ дошта мешаванд, бо салоҳдиди роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор ба бойгонӣ супорида мешаванд.
  3. Назорати сари вақт баррасӣ ва ҳал намудани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоту ташкилотҳои дахлдор ба зиммаи роҳбари онҳо гузошта мешавад, ки онҳо вазифадоранд сари вақт, дуруст ва пурра дида баромадани муроҷиатҳо иҷро намудани қарорҳоеро, ки аз рўи онҳо қабул шудаанд, таъмин намоянд.

 

 

                      Замимаи № 1

   ба Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ

   оид ба    муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

 

                             ВАРАҚАИ БАҚАЙДГИРИЮ НАЗОРАТӢ

Муроҷиаткунанда____________________________________________                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                     

                                                                     (фамилия, ном ва номи падар, суроға, телефон)

 

 

Муроҷиати пештара  аз №_________  аз  №_____________________________

Намуди муроҷиат, шумораи варақаҳо_____________________________

Муаллиф, сана, шохиси мактуби ҳамроҳ фиристодашаванда_______

__________________________________________________________________________________________________________________________

Сана,шохиси воридшавӣ

_____________________________________________________________

_____________________________________________________________           Мазмуни мухтасар:                                                                                      –                                                                                                                                                                                                

Иҷрокунандаи масъул:________________________________________

Амри хаттӣ:                             

Муаллифи амри хаттӣ                    

                 Муҳлати иҷро               _________________________________________

 

Замимаи № 2

ба Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид

ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

 

ДАФТАРИ БАҲИСОБГИРИИ ОМОРИИ МУРОҶИАТҲОИ ХАТИИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ

Рақами тартибӣ Санаи воридшавӣ Насаб, ном ва номи падар Суроғаи маҳалли истиқоматӣ Муҳтавои муроҷиат Ба куҷо ва ба кӣ барои баррасӣ дода шуд Натиҷаи баррасӣ ва санаи иҷро Қайд дар бораи муроҷиати такрорӣ

 

Замимаи № 3

ба Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид

ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

 

ДАФТАРИ БАҲИСОБГИРИИ ОМОРИИ МУРОҶИАТҲОИ ХАТИИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ

Рақами тартибӣ Сана ва рақами воридшавӣ Номи пурра Суроғаи маҳалли ҷойгиршавӣ Сана ва рақами содиротӣ Муҳтавои

муроҷиат

Ба куҷо ва ба кӣ барои баррасӣ дода шуд Натиҷаи баррасӣ Қайд дар бораи муроҷиати такрорӣ

 

 Замимаи № 4

ба Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид

ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

 

ДАФТАРИ БАҲИСОБГИРИИ ОМОРИИ МУРОҶИАТҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ

Рақами тартибӣ Сана ва рақами воридшавӣ Насаб, ном ва номи падари шахси воқеӣ ва номи пурраи шахси ҳуқуқӣ Суроғаи почтаи электронии муроҷиаткунанда Муҳтавои

муроҷиат

Ба куҷо ва ба кӣ барои баррасӣ дода шуд   Натиҷаи    

    баррасӣ

Сана ва рақами содиротӣ тавасути кадом почтаи электронӣ Қайд дар бораи муроҷиати такрорӣ

 

 

 

Замимаи № 5

ба Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид

ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

 

ДАФТАРИ БАҲИСОБГИРИИ ОМОРИИ МУРОҶИАТҲО ТАВАСУТИ  АЛОҚАИ ТЕЛЕФОНӢ (МОБИЛӢ)

Рақами тартибӣ Рақами телефони муроҷит кунанда Насаб, ном ва номи падари шахси воқеӣ ва номи пурраи шахси ҳуқуқии муроҷиаткунанда Суроғаи маҳали истиқомати шахси воқеӣ ва маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ Муҳтавои

муроҷиат

Суроғаи почтаи электроӣ Ба куҷо

ва ба кӣ

барои

баррасӣ

дода шуд

  Натиҷаи    

    баррасӣ

Сана ва рақами содиротӣ рақами телефон Қайд дар бораи муроҷиаи такрорӣ