PostHeaderIcon Иди сайиди Фитр

                                              Иди Сайиди Фитр

                 Дар арафаи Иди Шарифи  Рамазон дар толори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ  вохури бо аҳли сокинону соҳибкорон  имомхатибону роҳбарони ташкилоту муасисаҳои ноҳия баргузор гардид.Раиси ноҳия мӯҳтарам  А.Тавакалзода  дар баромадаш қайд намуд ,ки «Мақсаду мароми гузаронидани  ин ҷаласа фақат дар  Иди сайиди Фитр дасти кумак дароз намудан ба табақаи ниёзманди аҳолии,ятимону маъюбон  иштирокчиёни ЧБВ  мебошад»Ба ин хотир аз ҳама саховатмандону соҳибкорони бонангу номуси ноҳия даъват ба амал оварда шуд ,ки дар ин кори нихоят хайру зарури  кумаки худро дарег  надоранд.Ин пешниҳоди наҷибро аҳли толор дасгири намуда ,ваъда намудаанд ки бахри  дастгирии дармондагону бечорагон кумаки худро дарег намедоранд.

 

PostHeaderIcon рузи Оила...

                   Бахшида  ба соли Оила  дар толори  кохии  Синамои  ноҳия  чорабинии  фарҳанги баргузор гардид ки дар он раиси  ноҳия  Тавакалзода А иштирок ва суханрони намуда ҳамагонро бахшида ба ин соли  хушбахтии  оилаҳо табрику таҳният намуд.Инчунин  бахшида ба  ин  чорабини дар  майдони  ба номи Исмоили Сомони  ҷамоати шаҳрак намоиш ва дастовардҳои занону бонувони  ҷамоатҳои шахраку деҳоти  ноҳия  баргузор гардид  ки меҳмонону даъватшудагон аз он дидан намудаанд.Баҳри боз ҳам ҷолибтар гузаронидани  рӯзи Оила аз тарафи мутрибону сарояндагони  хонаи  фарҳангии ноҳия барномаи консерти такдим гардид,ки хеле ҳам  барои тамошобинон ва иштирокдорони ин маҳфил хотирмон гузашт.

 

PostHeaderIcon Наврузи-2015

                    Табрикоти  раиси ноҳияи Панҷ  А.Ш.Тавакалзода 

                   бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ - 2015

               Дар рӯзҳои фараҳбахшу хотирамон,ки мардуми ноҳия чун тамоми хурду бузурги ҷумҳури аз дастуру ҳидоятҳои дар Пайёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон баён ёфта ва дар сатхи баланди сиёси доир шудани интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисхои маҳаллии вакилони халқ рӯҳу илҳоми тоза касб намуда бо шукргузори аз давлати соҳибистиклол ба меҳнати созандаву бунёдкорона машғуланд,Инак ба сарзамини куҳанбунёдамон зеботаррин ҷашни аҷдодиНаврӯзӣ оламафрӯз фаро расид.Аз наврӯзномаҳои мӯътабари ниёгонамон огоҳ  хастем,ки ин ҷашнро ҳамҷун рамзи канданашаванда миёни инсону табиат,айёми покиву  сафо,муҳаббату дусти,бахшоишу самимият бо шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил кардаанд.Он мувофиқи илми ситорашиноси ба нахустрӯзи шукуфтани гулҳо ,зинда шудани  умеду орзу дар қалби инсонҳо ва мухимтар аз хама ба лаҳзаҳои баробар шудани шабу руз рост меояд.Бо ин ниятхои нек фарорарасии Наврӯзи дилафрӯзро ба тамоми мардуми шарифи ноҳия,вилоят ва Тоҷикистони азиз табрик гуфта ,бахту саодат ва хайру баракатро дар ҳар хонадон орзу мекунам.

 

PostHeaderIcon Рузи Модар

                                   Таҷлили «Рузи модар»

              Бо мақсади таҷлил намудани  «Рӯзи Модар» дар толори Қасри Синамои- ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.Дар ин ҷамъомад узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи Президенти кишвар дар ноҳия,раиси ноҳияи Панҷ мӯҳтарам Тавакалзода Абдучон Шариф иштирок ва сӯханрони намуда қадру манзалати Модар ё худ занону бонувонро беандоза арзёбӣ кард.Зимни баромад қайд карда шуд, ки Модар  он омилҳои ҳуснест,ки тамоми башаририят аз ӯ тавлид меёбанд.Модар офарандаи инсон аст ва инсонро мебояд,то ӯро азизу гиромӣ дорад,зикр гардид дар баромади раиси ноҳия.Дар ин ҷамъомади бошукуҳ раисони ҷамоатҳои шаҳраку дехот,рохбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ,сарварони муассисаҳои таълимӣ,собиқадорони меҳнат ва фаъолзанону бонувон иштирок намуданд. Дар интиҳои ҷамъомад аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба як қатор бонувону фаъолзанони нохия тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.Дар охир ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои худ ки дар васфи Модар-зан эҷод шуда буданд хотири ҳозиринро шод намудаанд.

 

PostHeaderIcon Рузи Артиши Милли

 Таърихи  23–феврали соли ҷори дар толори  «Кохи  Синамои» –и  ноҳия бахшида ба рузи таъсисёбии Артиши Миллӣ    бо  иштироки   раиси нохия мӯҳтарам Тавакалзода Абдуҷон ҷорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ӯ  ҳамагонро  ба муносибати  ин ҷашни пуршукуҳ   табрику муборакбод намуда,қайд намуд  ки: "родмардони ин  ин ватан баҳри ҳимояи марзу бум ҳамеша омодаанд".    Ин рӯз  бо як шукуҳу шаҳомати хоса дар тамоми  ташкилоту муассисаҳои  ҳудуди  ноҳия  ҷашн гирифта шуд.Ҷорабинии ноҳияви дар як сатҳи баланди  фарҳангӣ баргузор гардида  дар  хотири   иштирокчиёни ин ҷамъомад дер боз нақш  хохад монд.