PostHeaderIcon КАРАНТИН ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН

(суҳбати ихтисосӣ бо муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода А.А. дар робита бо карантин ва пайомадҳои он)

Муфассал...

 

PostHeaderIcon МУРОҶИАТНОМАИ ГУРӮҲИ ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОН БА МУҲИДДИН КАБИРӢ

Мо як гурӯҳ бонувони Тоҷикистон вобаста ба амалҳои нангини рӯзҳои охир бар зидди мардум анҷомдодаи шумо садо баланд мекунем. Зеро дигар тоқати шунидани ин дуруғу буҳтон ва иғвогариҳоро надорем.

Муфассал...

 

PostHeaderIcon МАКТУБИ КУШОДИ СОКИНОНИ ҚАСАМДАРА БА МУҲИДДИН КАБИРӢ

Мо сокинони деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод дар ин рӯзҳои мушкил, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳонро офати коронавирус фаро гирифтааст ва Тоҷикистон низ чун як ҷузъи тақсимнашавандаи ҷомеаи умумибашарӣ зиёну таҳдидҳои онро эҳсос мекунад, талошу дастгириҳои Ҳукумати кишварамонро барои пешгирии ин хатар ба хубӣ эҳсос мекунем.

Муфассал...

 

PostHeaderIcon МУРОҶИАТНОМА БА М.КАБИРӢ

Дар шароити имрӯза, ки коронавирус ҷаҳонро фаро гирифтааст, вазъият аз инсонҳо боз ҳам дӯстӣ, иттифоқӣ ва сарҷамъиро талаб менамояд. Ҳамин аст, ки имрӯз тамоми кишарҳои ҷаҳон ба ин мушкилот диққати махсус медиҳанд ва тамоми тавоноии худро баҳри бартараф сохтани он равон менамоянд.

Муфассал...

 

PostHeaderIcon Соҳибтадбирӣ ва ташаббусҳои созандаи Рустами Эмомалӣ

Гарчанде имрӯзҳо созандагию бунёдкорӣ ва навгониҳои пайвастаи пойтахти ҷумҳуриямон шаҳри Душанбе пеш аз ҳама, ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пайванд гардида бошад, аммо татбиқи саривақтӣ ва бо сифати ин созандагиҳо ба раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ марбут мебошанд.

Чунки даҳҳо иншооти нави боҳашамати аз ҷиҳати меъморӣ ҷолиби маъмурию маишӣ,, боғҳои фароғатии сабзу хуррамӣ дорои гулу дарахтони нодир, варзишгоҳи деринтизори боҳашамат, майдончаҳои зиёди варзишӣ, ки шумораашон аз 300 адад низ зиёд аст, ҷойи бозии кӯдакон ва дигар иншоотҳои ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ, ки қомат афрохта, зебу зиннати шаҳрро афзун намудаанд, аз намунаи амалҳои созандаи барои мардум зарурии Рустами Эмомалӣ мебошанд.

Ин созандагию бунёдкориҳои, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, собит карда тавонист, ки чунин роҳбарони ҷавону ташаббускор метавонанд аз уҳдаи корҳои азим бо сарбаландӣ бароянд.