PostHeaderIcon Андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии бемории “Коронавирус”

Вобаста ба пешгирии бемории нави сироятии “Коронавирус” аз тарафи кормандони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Панҷ то имрӯз 58 муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, 78 масҷидҳо, 29 марказҳои савдо, бозорҳо, ошхонаҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва 24 иншоотҳои дигари маъмурӣ, инчунин 341 хонаҳои истиқоматии ҷамоатҳои шаҳраки Панҷ ва деҳоти Нури Ваҳдат бо гипохлориди калтсий корҳои безараргардонӣ анҷом дода шуданд.

Аз тарафи ситоди ноҳиявӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор то имрӯз дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо 17 ҳазору 967 хоҷагии ҷамоатҳо ва 92 ҳазору 780 аҳолии ноҳия суҳбату вохӯриҳо доир намуданд. Гузаронидани чунин суҳбатҳои “Сарироҳӣ” инчунин тавассути усули “Хона ба хона” мунтазам идома ёфта истодааст. Ҳамзамон дар ҳамин рӯзҳо кӯчаи марказӣ ва дигар кӯчаву маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоати шаҳраки Панҷ бо маводҳои гипохлориди натрий безарар гардонида шуданд.

Ҷиҳати истеҳсоли маводи тиббӣ аз ҷумла ниқоб аз тарафи сехҳои дӯзандагии “Бонувони Панҷ”, “Азиза” ва дигар сехҳо то имрӯз 15 ҳазор ниқоб истеҳсол карда шудааст.

Тибқи қарори раиси ноҳия аз 30 апрели соли 2020, №599 маблағи 10050 сомонӣ ба муассисаҳои дахлдори соҳаи тандурустӣ барои харидорӣ намудани маводҳои безараргардонӣ ҷудо гардидааст.  

 

PostHeaderIcon COVID – 19. Таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити пандемияи коронавирус

«Ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло бояд имкониятҳои имрӯзаро воқеъбинона арзёбӣ намояд ва дар заминаи ризоияту ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва таъмини амният тадриҷан пеш равад».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Муфассал...

 

PostHeaderIcon Роҳбари ташаббускор ва пешгирии бемории вабои аср дар шаҳри Душанбе

Дар вазифаи раисиМаҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби мардуми Тоҷикистон хуш пазируфта шуда, дар адо намудани ин вазифи пурмасъулият ба ин ҷавони воқеан ташаббускору созанда барору комёбӣ орзу намуданд.

Рустами Эмомалиро ҳамагон чун роҳбари кордон, ташаббускору созанда шинохтанд. Гузашта аз ин ӯ шогирди сазовори мактаби сиёсии Пешвои миллат мардумро беш аз пеш ба ояндаи неку дурахшони мамлакат, рушди устувору босубот ва таъмини зиндагии шоиста дилгарм мекунад.

Имрӯзҳо маҳз тавассути ташаббусҳои созандаву кордонии муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти ҷумҳуриямон шаҳри Душанбе тамоми тадбирҳои саривақтию зарурӣ бобати пешгирӣ ва ҳарчӣ зудтар коҳиш додани сафи гирифторони бемории вабои аср яъне Коронавирус амалӣ гардида истодаанд. Бо дастури бевоситаи раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ тамоми кӯчаву хиёбонҳо гулгашту боғҳои фарҳангӣ, маконҳои сайругашти одамон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ мунтазам безарар гардонида шуда истодаанд.

 

PostHeaderIcon ДЛЯ ТАДЖИКИСТАНА СЕЙЧАС ГЛАВНОЕ – ВЕРИТЬ В СВОИ СИЛЫ

Есть желание – будут возможности.

Будут действия – появится результат.

Муфассал...

 

PostHeaderIcon Чораҳои пешгирӣ аз вабои аср

Вобаста ба амалӣ намудани амри Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, №АП 1365 «Оид ба амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории нави сироятии «Коронавирус» (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо роҳбарии мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Сироҷов М дар байни аҳолии ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут рӯзи 4 май ва санаи 5 май бошад дар қисме аз кучаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Панҷ суҳбату вохӯриҳоро тавассути усули “Хона ба хона” ва “Суҳбатҳои сарироҳӣ” роҳандозӣ намуданд. Дар баробари ин аъзоёни ин гуруҳи корӣ дар якҷоягӣ бо раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба пешгирии бемории сироятии нави “Коронавирус” (COVID-19), ки имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, огоҳинома дастрас намуданд.279Зимни баргузории суҳбатҳо бо аҳолӣ масъалаи риояи ҳамешагии гигиенаи шахсӣ дар оила аз ҷумла мунтазам шустани дастон бо собун, коркарди ашёҳои истифодашаванда бахусус телефони мобилӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ, тоза намудани манзили зист ва гирду атрофи он, риояи фосилаи на кам аз 1,5 метр ҳангоми гашту гузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ё дар вақти суҳбат намудан, безарурат аз хона набаромадани шахсони аз 60 сола боло, даст нарасонидан ба рӯйю бинӣ, чашм ва даҳон, истеъмоли маҳсулотҳои ширӣ ва сабзавот, бештар ба варзиш машғул шудан, истифодаи гиёҳҳои шифобахш аз ҷумла сипанд, тавсияи хониши китобҳои бадеӣ ба кӯдакон дар давраи таътил баррасӣ карда шуданд.