PostHeaderIcon Наврузи-2015

                    Табрикоти  раиси ноҳияи Панҷ  А.Ш.Тавакалзода 

                   бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ - 2015

               Дар рӯзҳои фараҳбахшу хотирамон,ки мардуми ноҳия чун тамоми хурду бузурги ҷумҳури аз дастуру ҳидоятҳои дар Пайёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон баён ёфта ва дар сатхи баланди сиёси доир шудани интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисхои маҳаллии вакилони халқ рӯҳу илҳоми тоза касб намуда бо шукргузори аз давлати соҳибистиклол ба меҳнати созандаву бунёдкорона машғуланд,Инак ба сарзамини куҳанбунёдамон зеботаррин ҷашни аҷдодиНаврӯзӣ оламафрӯз фаро расид.Аз наврӯзномаҳои мӯътабари ниёгонамон огоҳ  хастем,ки ин ҷашнро ҳамҷун рамзи канданашаванда миёни инсону табиат,айёми покиву  сафо,муҳаббату дусти,бахшоишу самимият бо шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил кардаанд.Он мувофиқи илми ситорашиноси ба нахустрӯзи шукуфтани гулҳо ,зинда шудани  умеду орзу дар қалби инсонҳо ва мухимтар аз хама ба лаҳзаҳои баробар шудани шабу руз рост меояд.Бо ин ниятхои нек фарорарасии Наврӯзи дилафрӯзро ба тамоми мардуми шарифи ноҳия,вилоят ва Тоҷикистони азиз табрик гуфта ,бахту саодат ва хайру баракатро дар ҳар хонадон орзу мекунам.

 

PostHeaderIcon Рузи Модар

                                   Таҷлили «Рузи модар»

              Бо мақсади таҷлил намудани  «Рӯзи Модар» дар толори Қасри Синамои- ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.Дар ин ҷамъомад узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи Президенти кишвар дар ноҳия,раиси ноҳияи Панҷ мӯҳтарам Тавакалзода Абдучон Шариф иштирок ва сӯханрони намуда қадру манзалати Модар ё худ занону бонувонро беандоза арзёбӣ кард.Зимни баромад қайд карда шуд, ки Модар  он омилҳои ҳуснест,ки тамоми башаририят аз ӯ тавлид меёбанд.Модар офарандаи инсон аст ва инсонро мебояд,то ӯро азизу гиромӣ дорад,зикр гардид дар баромади раиси ноҳия.Дар ин ҷамъомади бошукуҳ раисони ҷамоатҳои шаҳраку дехот,рохбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ,сарварони муассисаҳои таълимӣ,собиқадорони меҳнат ва фаъолзанону бонувон иштирок намуданд. Дар интиҳои ҷамъомад аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба як қатор бонувону фаъолзанони нохия тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.Дар охир ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои худ ки дар васфи Модар-зан эҷод шуда буданд хотири ҳозиринро шод намудаанд.

 

PostHeaderIcon Рузи Артиши Милли

 Таърихи  23–феврали соли ҷори дар толори  «Кохи  Синамои» –и  ноҳия бахшида ба рузи таъсисёбии Артиши Миллӣ    бо  иштироки   раиси нохия мӯҳтарам Тавакалзода Абдуҷон ҷорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ӯ  ҳамагонро  ба муносибати  ин ҷашни пуршукуҳ   табрику муборакбод намуда,қайд намуд  ки: "родмардони ин  ин ватан баҳри ҳимояи марзу бум ҳамеша омодаанд".    Ин рӯз  бо як шукуҳу шаҳомати хоса дар тамоми  ташкилоту муассисаҳои  ҳудуди  ноҳия  ҷашн гирифта шуд.Ҷорабинии ноҳияви дар як сатҳи баланди  фарҳангӣ баргузор гардида  дар  хотири   иштирокчиёни ин ҷамъомад дер боз нақш  хохад монд. 

 

PostHeaderIcon 20- солагии Сарконун.

   20-солагии Конститутсия муборак,ҳамватанони азиз!                    Бо иштироки раиси ноҳия дар толори  Кохи Синамо-и  шахраки  Панҷ бахшида ба 20-умин  солгарди  Конститутсияи (Сарқонуни )Чумҳурии Тоҷикистон  вохури  бо аҳли ҷамоатчигии нохия баргузор гардид.Дар суханрониаш  намояндаи Президент и мамлакат  ҳозиринро бахшида ба ин ҷашни пурифтихори милли табрику тахният гуфта ,хонаи ободу ,рузгори босаодату некрузиву хушбахтиҳоро  таманно намуд.Ӯқайд намуд ки,Конститутсияи Тоҷикистони  соҳибистиқлол ҳамҷун хуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон ,пайвасти он бо ҷомеаи ҷаҳони ва хифзи манфиатхои  милливу  давлати ,таъмини сулҳу субот ,вахдати милли ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихи дорад.Қабули  Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифи хеш  ва муаррифи кишвари мо  ба оламиён мебошад . Дар қисмати дуюми ҷорабинии мазкур  баҳри ҳозирин як дастагули шеъру тарона аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия пешкаш гардид ки бештар дар васфи Вахдати милли ,мехри Ватану созандагиву ободкорҳо суруда шудаанд, ки ҳусни ин ҷашнро  боз ҳам зам намуд.

 

PostHeaderIcon Cафари кори Президенти Чумхурии Точикистон Э.Рахмон..

                 Субхи барвакти  6-октяри соли равон Президенти мамлакат ,Ҷаноби Олӣӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадри ноҳияи Панҷ гардид. Бо ифтихор  ва саодатмандӣ метавон гуфт,ки хар як шахрванди ноҳия аз ин сафар ва дидори фарзонафарзанди азизи Ватан шоду фараҳманд аст.Қадами мубораки Роҳбари давлат ба ноҳияи сарҳадии Панҷ,бешубҳа фатҳу нусратҳо ,файзу баракат ва  хушбахтию  саодатмандии мардуми ноҳияро боз ҳам фузуниҳои нав  ба нав тақдим хохад кард.Эмомалӣ Раҳмон шахсияти бузургест, ки мо, мардуми ноҳияи Панҷ чун тамоми хақи кишвар  ӯро озодона ва бо самимияти том Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудаем ӯро дӯст медорем ҳамроҳи ӯ будем ҳастем ва оянда низ бо ӯем.Дар сафари кори Ҷаноби Олӣ бо ҳайёту фаъолияти мардуми нохия шинос шуда дар маросими кушодашавии мехмонхонаи  «Панҷ»,Тарабхонаи «Наргис»-у Маркази савдои «Файзи кабир» хатнатуйи кудакони оилахои камбизоат,туйи навхонадорон,ифтитоҳи сехи дузандагӣ ,намоиши маҳсулоти  хоҷагии  қишлок  иштирок менамояд ва дар ҷамъомади намояндагони  ахли захмат ва фаъолони нохия суханони намуд.Сафари Сарвари давлат Ҷони Олӣ  муҳтарам  Эмомалӣ Рахмонро ба ноҳияи пурганҷу шарафманди Панҷ хайрамақдам мегӯем.