PostHeaderIcon Амалишавии тадбирҳои зарурӣ бобати пешгирии паҳншавии бемории “Коронавирус” (COVID-19)

Имрӯзҳо бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятииКоронавирус” (COVID-19) дар асоси нақшаи кории Ситоди ноҳиявӣ тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шуда дар ин замина Беморхонаи марказии ноҳия бо маводҳои маводҳои дорувории зарурӣ ва безараргардонӣ, таъмини духтурону табибони Беморхона бо маҳсулотҳои хӯрокаи ниёзи аввалия чораҳои зарурандешида шуда истодаанд.

Бо ин мақсад аз тарафи соҳибкорони ноҳия 8 адад халати махсус ба маблағи 2000 сомонӣ, 100 кг гӯшт харидорӣ ва дастраси Беморхонаи марказӣ гардонида шудаанд. Ҳамзамон то имрӯз аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати харидорӣ намудани маводҳои дорувори маблағи 10000 сомонӣ ва 20 литр сӯзишворӣ кӯмак расонида шудааст.

Дар баробари ин аз ҳисоби ташкилоти гайридавлатии C A R I T A S ба Беморхонаи марказӣ ноҳия 276 кг маҳлули антисептикӣ, 284 адад собуни моеи шӯяндаи 5 литрагӣ ва 137 адад маҳлули безараргардони 300 милилитрагӣ ва аз тарафи соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов 36 номгӯи доруворӣ ва лавозимотҳои зарӯрии тиббӣ кӯмак карда шуд.

Инчунин аз тарафи ҳамин ташкилот ба Маркази саломатии ноҳия бошад 173 адад собуни моеи шӯяндаи 5 литра, 33 адад собуни моеи 400 милиграма, 184 кг хокаи хлори 20%, 6 адад асбоби махсус барои рехтани маҳлулҳо, 164 ниқоб ва 91 адад маҳлулҳои антисептикии 300 милиграма дастрас гардид.

Бобати пешгирӣ аз ин беморӣ аз тарафи Сараёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии аҳолӣ 500 кг гипохлориди калсий ва аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят бошад 200 кг гипохлориди натрий ба ноҳия кӯмак расонида шуд.

Тибқи қарори раиси ноҳия аз 30 апрели соли 2020, №599 маблағи 10050 сомонӣ ба муассисаҳои дахлдори соҳаи тандурустӣ барои харидорӣ намудани маводҳои безараргардонӣ ва инчунин 5 адад либосҳои махсус ва ба микдори 100 литр сӯзишворӣ ҷудо гардидааст.

Андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ дар ҳудуди ноҳия мунтазам идома ёфта истодаанд

 

PostHeaderIcon Тадбирҳо зарурӣ ҷиҳати пешгирии бемории “Коронавирус”

Дар доираи пешгирии бемории вабои аср яъне, Коронавирус аъзоёни ситоди ноҳиявӣ дар якҷоягӣ бо кормандони ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат ва Маркази саломатии ноҳия дар ҳудуди деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ин ҷамоат корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули “Хона ба хона” амалӣ намуданд.

Зимни баргузории суҳбатҳо бо аҳолӣ масъалаи риояи ҳамешагии гигиенаи шахсӣ дар оила аз ҷумла мунтазам шустани дастон бо собун, коркарди ашёҳои истифодашаванда бахусус телефони мобилӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ, тоза намудани манзили зист ва гирду атрофи он, риояи фосилаи на кам аз 1,5 метр ҳангоми гашту гузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ё дар вақти суҳбат намудан, безарурат аз хона набаромадани шахсони аз 60 сола боло, даст нарасонидан ба рӯйю бинӣ, чашм ва даҳон, истеъмоли маҳсулотҳои ширӣ ва сабзавот, бештар ба варзиш машғул шудан, истифодаи гиёҳҳои шифобахш аз ҷумла сипанд, тавсияи хониши китобҳои бадеӣ ба кӯдакон дар давраи таътил баррасӣ гардидаистодаанд.

Дар баробари ин зимни суҳбатҳо ба аҳолӣ таъкид карда шуд, ки ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои беморӣ аз ҷумла ҳарорати баланд, сулфаи хушк, нафаскашии душвор, бемадорӣ дар ҳол ба духтури минтақавӣ ё духтури оилавӣ муроҷиат намуда, саломатии худ ва аҳли оилаашонро ҳимоя намоянд.

 

PostHeaderIcon «У 85 ПРОЦЕНТОВ ИНФИЦИРОВАННЫХ ЛЮДЕЙ COVID-19 ПРОХОДИТ БЕЗ ЛЕЧЕНИЯ». Беседа американского врача иранского происхождения с телеканалом «Джахоннамо» Таджикистана

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /НИАТ «Ховар»/.5 мая в программе «Робита» («Связь»)  на ТВ «Джахоннамо» руководитель Международного института здоровья и обследования США в Нью-Йорке, доктор Ораш Алои на простом и доступном языке провел онлайн-беседу с журналистом Мусо Абдусаттором в связи с особенностями заболевания COVID-19 и

Муфассал...

 

PostHeaderIcon «85 ФОИЗИ ШАХСОНИ ГИРИФТОР БА COVID-19 БИДУНИ ТАБОБАТ СИҲАТ МЕШАВАНД». Суҳбати табиби эрониасли амрикоӣ бо шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо»-и Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар барномаи «Робита»-и ТВ «Ҷаҳоннамо» роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии саломатӣ ва омӯзиши ИМА дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораш Алоӣ вобаста ба хусусиятҳои бемории COVID-19 ва роҳҳои муассири пешгирӣ аз он бо забони содда ва фаҳмо ва ба таври онлайн бо журналист Мӯсо Абдусаттор суҳбат намуд.

Муфассал...

 

PostHeaderIcon ТАБИБОН ҶИСМУ ҶОНИ ОДАМИЗОД

Тавре мардуми сарбаланди кишвар огоҳанд, имрӯз саросари дунёро  вируси COVID-19 фаро гирифтааст, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизи мо низ олудашавии одамон ба ин вабои аср ба қайд гирифта шуд.

Муфассал...