Хабарҳо

Паёми табрикии раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён З.Ф ба муносибати Иди сайиди Қурбон (09.07.22)

 

Ҳамдиёрони азиз!

Хурду бузурги кишвари мо шукрона мекунанд, ки ҷашну идҳои милливу давлатӣ ва анъанаву оинҳои аҷдодии худро дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба суннату арзишҳои фарҳангӣ миллиамон истиқбол мегиранд.

Сарчашмаи ҳамаи дастоварду падидаҳои неки  се даҳсолаи охир истиқлолияту озодии Тоҷикистони азизамон мебошад. Аз ин хотир, расидан ба қадри истиқлолияту озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои он, саъю талош барои пешрафту ободии Ватан, таъмини рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон қарзи имонӣ ва вазифаи инсонии ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Яъне мо бояд тамоми нерӯи худро ба ҳамин самт равона карда, наслҳои наврас ва ҷавонро, ки созандагону соҳибони ояндаи Тоҷикистон мебошанд, дар рӯҳияи ваҳдату ягонагӣ, худшиносиву ифтихори миллӣ, пос доштани муқаддасоти Ватан ва эҳтиром гузоштан ба суннату оинҳои миллати куҳанбунёдамон тарбия кунем.

Боиси хушҳолист, ки солҳои охир бисёр шаҳрвандони соҳибҳиммати мо тибқи суннатҳои инсонпарваронаи халқамон ба оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва хонаҳои кӯдакону пиронсолон кӯмак мерасонанд ва дар ҷабҳаи ободониву созандагии шаҳру деҳоти кишварамон низ саҳми арзанда мегузоранд.

Бори нахуст дар таърихи мавҷудияти давлатдории навини тоҷик бо ташаббуси бевоситаи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои таҷлили идҳои мусалмонон Қурбон ва Фитр расман рӯзҳои ид эълон карда шуда, мардум озодона маросимҳои динию мазҳабии худро баргузор менамоянд.

Иди сайиди Қурбон яке аз маросимҳои мубораки дини мубини ислом ва аз ҷумлаи суннатҳои бисёр писандидаи мардуми мусулмони мо мебошад, ки дар партави сиёсати оқилонаву хирадмандона ва сулҳофаронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил карда мешавад.

Ба ин хотир тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба муносибати ин иди сайид  самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар яки онҳо ободиву осудагӣ, саодату сарбаландӣ, комёбӣ ва файзу баракати ҳамешагии рӯзгорашонро таманно дорам.

Хушбахтона аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо саъю кӯшиш ва талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии мардуми кишвар дар мамлакат фазои орому осуда, солимии гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ, озодии виҷдон ва эътиқодҳои дини ҳукмфармо гашта, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ниёзҳои эътиқодии худро озодона ва ихтиёрҷ амалӣ мегардонанд.

Таҳлилҳои имрӯза нишон медиҳанд, ки бо гузашти 30 соли Истиқлоли давлатӣ рушду эҳёи иттиҳодияҳои дини дар сатҳи баланд қарор дошта, барои амалӣ намудани эҳтиёҷоти динии шаҳрвандон шароити арзанда ба вуҷуд оварда шудааст.

Дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ шаҳрвандони кишвар имконият пайдо намуданд,  ки бо истифода аз ҳуқуқ ва озодиҳои эътиқодии худ маросимҳои дини, аз ҷумла фаризаи ҳаҷ ва умраро озодона ба ҷо оранд.

Таҷлил гардидани Иди сайиди Қурбон дар даврае баргузор гардида истодааст, ки тамоми мардуми кишвар, имрӯзҳо ба муносибати таҷлили 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қалби саршор аз меҳр ба Ватан ва Пешвои муаззами миллат дар самти вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

Зимни яке аз суханрониҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки: «Моҳияти аслии Иди сайиди Қурбон, ки аз ҷумлаи азизтарин маросимҳои суннатии мардуми мусулмони мо мебошад, дар ҳақиқат  ба маромҳои инсондӯстиву мурувват, сулҳофариву меҳрубонӣ бунёд ёфта, дар ташаккул ва такомули худшиносиву худогоҳии халқу миллатҳои дунё, аз ҷумла мардуми сарзамини мо низ нақши барҷаста дорад».

Шукргузорӣ аз неъматҳои Худованд ва меҳрубонӣ ба ҳамдигар яке аз хислатҳои хеле қадимӣ ва наҷиби миллати мо буда, махсусан дар ин рӯзи муборак дили касеро ба даст овардан, нисбат ба ятимону бепарасторон, муҳтоҷону барҷомон-дагон, камбизоату маъюбон хайру саховат кардан амали ниҳоят савоб мебошад. Зеро хайру сахо кардан аз ҷумлаи воҷиботи дини мубини Ислом ва беҳтарин ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад.

Бинобар ин дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи  иди сайиди Қурбон аз тарафи як зумра роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳибкорон ва ашхоси саховатманди ноҳия ба чунин ашхос, ки воқеан ниёз ба кӯмаку дастгирии моддиву молиявӣ доранд, кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуда, ин иқдоми наку дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Зеро ба қавли бузургони мо: «дилеро ба даст овардан баробари тавофи хонаи Худо кардан аст».

Бо назардошти ин гуфтаҳо ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ надода, таҷлили ҷашну маъракаҳо аз ҷумла, Иди Қурбонро бе зиёдаравӣ ва исрофкорӣ пешвоз гиранд.

Ҳамдиёрони азиз!

Тибқи муроҷиатномаи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба сокинони вилояти Хатлон Вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, ки бисёре аз кишварҳоро бо хатари буҳрони озуқа рӯ ба рӯ кардааст, боиси коҳиши ҳаҷми истеҳсолот, камчинии маводи ғизоӣ, болоравии чашмраси нархи маҳсулоти хӯрокворӣ гардида, тайи се соли охир дастрасии миллионҳо нафар дар ҷаҳон ба анвои зиёди маҳсулоти ғизоӣ маҳдудтар шудааст.

Бинобар ин, аз кулли сокинони вилоят даъват мекунем, ки ба масъалаи захираи маводи озуқа ва истифодаи самарабахши обу замини киштбоб эътибори ҷиддӣ диҳанд. Зеро тибқи ояндабинии коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, вазъи ҷаҳон имсол ва соли 2023 боз ҳам вазнинтар шуда, шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар баробар мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти  худ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон рӯзи 18 июни соли равон дар ноҳияи Данғара таъкид намуданд, ки чунин ҳолат метавонад ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба Тоҷикистон таъсир расонад ва мувофиқи хулосаи коршиносон оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассос пешгӯинашаванда ва дарозмуҳлат мебошанд.

Пешвои муаззами миллат таъкиди асоснок намудаанд, ки бо истифода аз мавсими фаровонӣ, тамоми мардуми кишвар, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як оила бояд дар фикри таъминоти худ бошанд, ҷиҳати ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ ҳамаи чораҳои заруриро андешанд, то ки дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву муҳтоҷӣ накашанд.

Бо дарназардошти ин гуфтаҳо   ба ҳар як сокини ноҳия муроҷиат намуда, бори дигар таъкид месозам, ки бояд аз ҳар ваҷаб замин, пеш аз ҳама заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва заминҳои байни боғу токзорҳо самараноку оқилона  истифода намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои рӯёнидани 3-4 ҳосил ва дар кишти такрорӣ ҳарчи бештар истеҳсол намудани картошка, ғалладонагӣ ва лубиёгиҳо аз ҷумла шолӣ, ҷуворимакка, мош ва лубиё равона сохта дар таъмини зиндагии шоистаи худ ва фарзандон саҳмгузор бошанд.

Ҳозирини гироми?

Вобаста ба пешгирии хатарҳои имрӯза, ки ба ҷони садҳо мардуми сайёра таҳдид намудаву ҷони ҳазорҳо нафарро аз байн бурда истодааст, яъне суръат гирифтани амалҳои террористиву экстремистӣ дар минтақаҳои гуногуни кишварҳои олам, бахусус амалҳои экстремистиву террористӣ, ки  дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромилӣ, ки башариятро ба ташвиш оварданд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои динию мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд” Бо назардошти ин ҳамаи мову Шумо падару модарон ва ҳозирини гиромиро лозим аст, ки бобати пешгирии таълимоти ғайриқонуни динӣ ҷавонону наврасони ноҳия чораҳои қатъи ва саривқтиро амали намоед. Зеро тибқи таҳлилҳо маълум гардид, ки бештари ҷавонон ба чунин гуруҳо шомил мешаванд таҳсилоти дини мегиранд.

Мо бояд ҷавононро дар руҳияи худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбият намуда,  дар муҳити оила, ҷомеа корҳои таблиғотиву ташвиқотиро  ҳарӯз,  дарсҳои тарбиявие, ки дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида мешаванд, ба онҳо доир ба ахлоқу одоби ҳамида, маърифати инсонӣ ва шаҳрвандӣ, риояи қоидаҳои сару либос ва хизмат дар қуваҳои Мусаллаҳ шараф аст  суҳбат намоем, чунки ҳамеша як ҳикмати пурмуҳтавои халқамонро бояд дар хотир дошта бошем, ки: «фарзанд азиз, вале одобаш аз вай азизтар аст».

Итминони комил дорам, ки тамоми мардуми шарафманду меҳнатдӯсти ноҳияи мо барои таҳкими қимматтарин арзишҳои инсониву имонӣ пеш аз ҳама дӯстиву бародарӣ нисбат ба ҳамдигар, муҳаббату садоқат ба Ватан ва саховату муруват ба дармондагон ин идро низ таҷлил хоҳанд кард.

Бо мақсади амалӣ шудани ҳамаи ин умеду ормонҳо бори дигар  ҳамаи  ҳамдиёрони азизро бахшида ба таҷлили Иди сайиди Қурбон табрик намуда, барояшон саодати рӯзгор, хушбахтиву шодмонӣ, оромию субботро тамано намуда, хоҳони онам, ки дар кишвари соҳибистиқлоламон Тоҷикистон парчами сулҳу субот, то абад парафшонӣ намояд.

Иди сайиди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Паёми табрикии раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён З.Ф  ба муносибати Иди сайиди Қурбон (09.07.22)

Паёми табрикии раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён З.Ф  ба муносибати Иди сайиди Қурбон (09.07.22)

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *