Хабарҳо

Муроҷиатномаи раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер ба мардуми шарифи ноҳия

 

                                      Муроҷиатномаи

раиси ноҳияи Панҷ, узви  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер ба мардуми шарифи ноҳия

              

                              Ҳамдиёрони азиз!

Ҳама гуна тағйироте, ки дар ҷаҳони муосир ва пуртазод ба вуҷуд меояд таъсири худро хоҳу нохоҳ чун дигар кишварҳои олам ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мерасонад. Маҳз бо назардошти чунин воқеоти ташвишовару хатарафзо ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра таҳдидкунанда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари созмони бонуфузи ҷаҳонӣ, яъне Созмони Милали Муттаҳид перомуни ин хатарҳои таҳдидкунандаву таъсиррасонанда, ибрози андеша намуда истодаанд.

Чӣ тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: «Соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз солҳои вазнин маҳсуб мешуд. Зеро дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ, вазъияти тамоми сайёраро печидатар намуда, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ намуд».

Дар робита бо ин гуфтаҳои Пешвои миллат хотирнишон месозам, ки аз рӯйи пешгӯйиҳо соли 2021 нисбат ба соли гузашта аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ қариб дар тамоми дунё яке аз солҳои вазнинтарин ва тавре, ки Сарвари давлат иброз намуданд тибқи изҳороти Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳатто ҳалокатбор хоҳад буд. Болоравии нархҳо, пастшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои ногувори он –хушксолӣ, камобӣ, инчунин, бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла паҳншавии мавҷи дуюм ва дар баъзе кишварҳои олам мавҷи сеюми бемории сироятии коронавирус ба сатҳи зиндагии тамоми мардуми сайёра таъсири манфии худро расонида истодааст.

Дар ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар семоҳаи аввали соли 2021, ки санаи 29 апрели соли 2021 баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи имрӯзаи сайёра чунин баён доштанд: «Дар кишвари мо тавре ки мушоҳида мегардад таъсири раванди тағйирёбии иқлим бармало эҳсос шуда, сардиҳои баҳори имсола ба тамоми соҳаҳои кишоварзӣ бахусус, ба соҳаи боғдорӣ, яъне ҳосили дарахтони мевадиҳанда  ба монанди зардолуву бодом ва дарахтони дигар зарари ҷиддӣ расонд. Ҳамзамон камборишии вақтҳои охир боиси камобӣ ва хушксолӣ гардида, ба соҳаҳои зироаткориву боғдорӣ ва чорводорӣ талафоти зиёд хоҳад расонд».

Бо назардошти ин гуфтаҳои хирадмандонаву инсонпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як сокини ноҳияи Панҷ муроҷиат намуда, таъкид месозам, ки бояд аз ҳар ваҷаб замин, пеш аз ҳама заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва заминҳои байни боғу токзорҳо самараноку оқилона  истифода намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои рӯёнидани 3-4 ҳосил ва дар кишти такрорӣ ҳарчӣ бештар истеҳсол намудани картошка, ғалладонагӣ ва лубиёгиҳо аз ҷумла шолӣ, ҷуворимаққа, мош ва лубиё равона созанд.

Имрӯз, ки фасли тобистон, яъне мавсими ҷамъоварии ғалладонагиҳо ва идомаи дигар кишту кори соҳаи кишоварзӣ мебошад бояд ҳар як сокини ноҳия, ки бо замин сару кор дорад барои истеҳсоли тамоми намуди маҳсулот, бахусус маводҳои ғизоӣ, саъю талош намуда, дар таъмин намудани аҳли оилаву фарзандони худ инчунин захираи маводи ғизоӣ барои ду соли оянда саҳмгузор бошад, зеро дар фасли тирамоҳу зимистон ба танқисӣ рӯ ба рӯ нагардида, дар шароити вазнини соли равон муҳтоҷи дигарон нашаванд.

Аз тамоми сокинони ноҳия эҳтиромона хоҳиш ва дар баробари ин бори дигар муроҷиат менамоям, то вазъияти ҷаҳони имрӯза, ки таъсири худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида истодааст, инчунин мушкилотҳои бавуҷудомадаро саҳл нашуморанд ва ба ин масъала бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд.

Итминони комил дорам, ки тамоми мардуми шарафманду меҳнатдӯсти ноҳияи Панҷ вазъияти баамаломадаи ҷаҳони имрӯзаро хуб дарк намуда, бо меҳнату заҳмати пайвастаи худ дар партави сиёсати хирадмандонаву оқилона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, самараноку оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин, бахусус заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон(президентӣ) ва наздиҳавлигӣ, рӯёнидани 3-4 ҳосил аз заминҳо, захираи маводи ғизоӣ барои ду соли оянда, инчунин вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани яке аз санаҳои муҳими таърихӣ ва воқеан миллӣ, яъне 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазову арзандаи худро хоҳанд гузошт.

 

Раиси ноҳияи Панҷ:                                                  З. Шоҳиён

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *