Хабарҳо

Сафари кории раиси вилояти Хатлон ба ноҳияи Панҷ

17 апрели соли 2021 раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо кардан ба ҷараёни корҳо оид ба пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия,  рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, киштукори баҳорӣ, ҳамчунин аз рӯзгори собиқадорони меҳнат ва маъюбон огаҳӣ ёфтан  ба ноҳияи Панҷ ташриф оварданд.

 

Сафари кории раиси вилоят аз корхонаи Панҷруд оғоз гардида, сипас ба аёдати собиқадорони меҳнат ________ идома ёфт. Номбурдагон ҳаёти худро сарфи пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти ноҳия намуда, айни замон давлати пирӣ ронда истодаанд, вале беморӣ имконият намедиҳад, ки чун пештара дар миёни мардум бошанд. Раиси вилоят аз шароити зиндагии онҳо, истифодаи самараноки замини наздиҳавлигиашон дидан карда, хеле хушҳол гардиданд, ки бо вуҷуди вазъи номусоиди саломатиашон ин собиқадорон ҳавлии пур аз гулу гулбуттаҳо  ва сабзу хуррам доранд.

Собиқадорон барои ғамхориҳои раиси вилоят ва пазироии ӯ аз  маъюбону эҳтиёҷмандон ва ниёзмандону  бепарасторон сидқан изҳори миннатдорӣ намуданд.

Раиси вилоят дар ноҳия шаҳрвандонро вобаста ба муроҷиатҳояшон қабул намуда, таклифу дархостҳо, пешниҳоду муроҷиати онҳоро шуниданд. Аслан шаҳрвандон ба раис  ҷиҳати ҷудо кардани замин барои сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, сартарошхона, ҳаммом, корхонаҳои дӯзандагӣ, кандани заҳбуру заҳкашҳо ва ғайраҳо муроҷиат намуданд. Раис масъулини вилояту ноҳияро муваззаф карданд, ки ҷиҳати иҷрои муроҷиатҳои шаҳрвандон чораҳои мушаххас андешанд. Пас аз ин дар толори мақомоти иҷроияи [окимияти давлатии ноҳия бо иштироки ҳамаи роҳбарону фаъолон сафари кории худро раиси вилояти Хатлон ҷамъбаст намуд. Дар  ҷамъбаст роҳбарону мутасаддиёни соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят иштирок доштанд. Муҳтарам Қурбон Ҳакимзода аз мушоҳидаҳои худ оид ба ҷараёни корҳо ҷиҳати  истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, камбуду норасоиҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар ноҳия гуфтугузори ҷиддӣ  баргузор намуданд. Қайд карда шуд, ки то ҷашни  Истиқлоли давлатӣ бояд ­­___ иншоот омода гардад, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки рафти кор дар ин бобат нокифоя аст. Тавре ҳама медонанд, солҳои 2019-2021  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Дар ин давра деҳот бояд ҳамаҷониба дигаргун шавад, рушд ёбад. Бояд дар хотир дошт, – қайд намуданд раиси вилоят, – ки ободии деҳот аз ободии ҳар як хонадон сар мешавад. Маҳз ободӣ, тозагию озодагии ҳар як ҳавлӣ ба ободию рушди деҳаю маҳалла  мусоидат менамояд. Вале чунон ки мушоҳида мешавад, корҳо дар ин самт ҷавобгӯи талаботи имрӯза нестанд. Фаъолияти ҷамоатҳою маҳаллаҳо ва роҳбарону мутасаддиён ҷиҳати рушди деҳот ҳанӯз ҳам кам ба назар мерасад. Вале набояд фаромӯш кард, ки вазифаҳою масъулияти мардуми ноҳияро танҳо мардуми ноҳия бар дӯш доранд  ва касе ба ҷои онҳо кор намекунад.  Дар ин бобат фаъолияти муташаккилонаи мардумро танҳо роҳбарон ташкил карда метавонанд ва албатта, роҳбароне, ки қобилияти хуби кордонӣ ва ташкилотчигӣ дошта бошанд,- таъкид намуданд раиси вилоят.  Мушоҳидаҳо аз он дарак медиҳанд, ки фаъолияти кишоварзон дар ҳамин рӯзҳои фасли баҳорон чандон назаррас нест. Масъулини соҳаро мебояд, ки ягон дақиқаи рӯзҳои баҳорро бефоида барбод надиҳанд. Кори техникаҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, кишти пунбадона ва дигар зироатҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Зарур аст,- изҳор намуданд раиси вилоят,- ки дар фаъолияти худ кишоварзон ва роҳбарони онҳо ба дурӯғу изофанависӣ ҳаргиз роҳ надиҳанд, на худ ва на давлатро фиреб накунанд, зеро ин танҳо ба зарари кор асту бас.

Дар бобати рушди саноат, сохтмон, маънавиёту ахлоқ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занон, кор бо ҷавонон низ раиси вилоят аз роҳбарон пурсишҳои ҷиддӣ ба амал оварда, норасоию камбудиҳои ин соҳаҳоро ошкор сохтанд. Маълум аст, – таъкид гардид дар ҷамъбаст, – ки рушди саноат ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат эълон карда шудааст, вале  вазъи корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия хеле нигароникунанда аст.  Мебояд дар ноҳия корхонаҳои нави истеҳсолӣ сохта шавад, то ки одамон ба ҷои кор таъмин гарданд ва шароити зиндагӣ беҳтар шавад.

Набояд фаромӯш кард, ки соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки иҷтимоӣ рушди ҳамаҷонибаро тақозо дорад, вале нарасидани синфхонаҳо, ҷои нишаст, ҳанӯз нокифоя будани мутахассисони зарурӣ ҷиҳати таълими фанҳо, махсусан фанҳои табиатшиносї, дақиқ, риёзї, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, ташкилу таъсиси муассисаҳои томактабӣ, барномаи компютеркунонӣ ва амсоли инҳо дар ноҳия мушоҳида карда мешавад.

Бо вуҷуди таъкидҳои пай дар пайи Пешвои миллат, Сарвари кишвар дар соҳаҳои тандурустию фарҳанг, кор бо занону оила, ҷавонон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҳанӯз камбудиҳо ҷой доранд.

   Муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба роҳбарон ва мутасаддиёни ноҳия дастур доданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар муддати кӯтоҳ бартараф карда, роҳҳою усулҳои пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиётро омӯзанд, тамоми захираю имкониятҳои мавҷударо баҳри рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия самаранок истифода баранд.  

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *