Хабарҳо

БАРНОМАИ РУШТИ ИҶТИМОИ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ПАНҶ БАРОИ СОЛҲОИ 2019 – 2020

Санаи 11 декабр дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ таҳти ҳамоҳангсозии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва кӯмаки машваратии лоиҳаи БРСММ – «Баланд намудани сатҳи зиндагии аҳолии минтақаҳои назди сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон» LITACA (фазаи 2) муҳокимаҳои ҷамъиятии натиҷаҳои мониторинги татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ барои солҳои 2019-2020 баргузор гардид.

Мақсади асосии баргузор намудани муҳокимаи ҷамъиятӣ, пешниҳоди иттилоот ба аҳолӣ, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ, оид ба раванди мониторинги татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ барои солҳои 2019-2020 мебошад. Баргузор намудани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ҷалби тамоми тарафҳои дар сатҳи маҳалӣ барои татбиқ ва мониторинги барнома ҳавасмандро пешбинӣ намуда, имконият медиҳад, ки самаранокии лоиҳаҳои татбиқшаванда беҳтар гашта, барои беҳтар гаштани сифати зиндагии аҳолӣ шароитҳои иловагӣ фароҳам меорад.

Бояд қайд намуд, ки дар давраи аз аввали татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ барои солҳои 2019-2020 аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба маблағи 42,8 млн. сомонӣ ва 49 лоиҳаҳои афзалиятнок татбиқ шудаанд. Лоиҳаҳои татбиқгардида дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, саноат, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, обтаъминкунӣ ва беҳдошт, ҳифзи муҳити зист ва пешгирии хатари ҳолатҳои фавқулода, беҳдошти замин ва обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёт ва роҳ амалӣ гаштаанд.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *